“АРТИШ   МАКТАБИ  МАРДОНАГӢ”

Қубодиён: Андеша  

Имсол ба таъсиси Артиши миллӣ 31 – сол пур мешавад. Дар ин муддат Артиши миллӣ ба мактаби бузурги тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расондааст.

       23-феврал иди касбии муҳофизони Ватан, барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва шаҳрвандони боору номуси кишварамон, хусусан ҷавонон санаи муҳиму пурифтихор аст. Баъди пошхӯрдани Иттифоқи шуравӣ сарфи назар аз он, ки ҷумҳуриро вазъи печидани ҳарбӣ – сиёсӣ, ё худ муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд. Тоҷикистони тозаистиқлол ба заҳмату талоши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ, дар шароите, ки барои бунёди он ягон заминаи моддиву техники вуҷуд надошт, шуръ кард. 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва 23 – юми феврали 1993 сол, нахустин пардаи ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Саравал дар Қувваҳои Мусаллаҳ, даври ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд.Даври дигар марҳилаи рушду камоли  Артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад. Даври дигар ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад

        Дар раванди таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти миллӣ нақши Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Артиши миллӣ бениҳоят калон аст.

       Мо ифтихор мекунем, ки чунин сохтори миллӣ дорем. Ифтихор аз он мекунем, ки бо шарофати ин сохтор халқи ин кишвар осоишта, дар як фазои сулҳу субот, тинҷию оромӣ, озодона бе тарсу ҳаррос кору фаъолият менамояд. Онҳо ҳамчун ҳомиёни халқу Ватан, аз худ маҳорати баланди касбӣ, ҳушёрӣ ва садоқат ба давлату миллат нишон дода, амнияти кишварро таъмин менамоянд. Муссалам аст, ки ҳайати асосии ин сохторро ҷавонон ташкил мекунанд. Сиёсати Ҳукумат низ сиёсати ҷавонпарварона буда ба неруи ҷавонони кишвар боварии бузург дошта, ҳанӯз аз нахуст суханонаш дар Иҷлосияи 16 уми таърихии Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд да дили ҷавонон бо пайкори созандааш ҳамчун таҳкимбахши сулҳ ва ваҳдати миллии ҷавонони муосири кишвар, чун ҳомии миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пазируфта шудааст.

      Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Тарбияи насли солим, ҷисман обутобёфтаву соҳибхирад, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ масъулият нисбат ба фардои Ватан як шарти муҳими инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Маҳз шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо талоши ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин намояд.

 

Муовини раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова М.С