БАРГУЗОРИИ  МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ ТИ ҲИЗБИИ “РАСИН”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “РАСИН” маҷлиси ҳисоботи  бо иштироки мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат ва фаъолони  ҳизб баргузор гардид.  Қайд гардид, ки ташкилоти  ибтидоии  “РАСИН” дар се моҳаи соли ҷорӣ  фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ  гардонидани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст.

       Баъди ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ  намудани ҳадафҳои  барномавию оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳмгузор бошад