ЗАНОН – НЕРӮИ БУНЁДГАРУ СОЗАНДА

Қубодиён: Андеша  

       Муносибат ба модар муносибат ба Ватан ва миллат аст. Чун модар оғози созиши башар бо зиндагӣ, ҷузъи  ҷудонашавандаи миллату давлат ва таъсирпазитарин неру ба ҷараёни ҳастист. Зани тоҷик дар оила ҳамеша нақши асосиро соҳиб буда, зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ  хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то ба имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хоса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа  пешоҳанг  бошанд.

  Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон  ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбия  ёбанд. Аз ҷумла, ба тарбяи духтарон аҳамияти зарурӣ дода шуда, ҳанӯз  аз хурдӣ ба онҳо тарзи муносибат, муошират омӯзонда мешавад.

    Дар ҳар замон ҷомеа ба чеҳраҳои донишманду бомаърифат ниёз дорад. Равшанфикре ба маврид гуфтааст, ки: “Дар ҷомеае, ки модарони донишмандаш зиёданд,он ҷомеа худ аз худ рушд мекунад”. Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири  амиқ расонда, агар модар  китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарошонро дар худ парвариш медиҳанд  ва ба модарашон пайравӣ мекунанд.

   Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон  ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати  ҳамагонро ҷалб месозанд. Занон дар риштаҳои гуногуни иқтисоди  миллӣ, фарҳангӣ- маърифатӣ дар радифи мардон забардасту муваффақанд.

   Бузурге фармудааст: “ Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон  мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд”. Пас саволе  матраҳ мешавад, кадом гурӯҳи занон дар ҷомеа пешоҳангиро уҳда карда метавонанд?

   Маҳз ҳамон заноне дар ҷомеа фаъол буда метавонанд, ки  соҳибмаърифатанд.  Соҳибистиқлолӣ мақоми таълиму тарбияро дар раванди тарбияи миллӣ мустаҳкам менамояд. Тарбияи занони бомаърифатро дар  оила, дар мактаб ва ҷомеа  мақсаднок ташкил намудан амалест оқилона.

  Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки сол то сол завқи занону духтарон ба илм беш гардида, дар  самтҳои мухталиф ихтирооти гуногуни  илмӣ маҳз аз ҷониби ин ҷинси латиф ба миён меояд. Дастовардҳо дар бахшҳои гуногуни илм, ки имрӯз миёни олимони кишвар 40 дар садашро занону духтарон ташкил медиҳанд, 40 дар сади дигарро номзад ба магистратураву дигар бахшҳои илм рост меоянд, боиси мамнунист. Тавваҷуҳи Ҳукумати кишвар низ бар он аст, ки шумораи олимаҳо сол то сол  зиёд гарданд.

  Олимон – бонувони бомаърифат,мутахассисони бомасъулият дар такя ба қарору қонунҳо,  сиёсати пешгирифтаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти худро мутобиқ намуда, дар ин замина боз ҳам корҳои зиёдеро оид ба таҳким бахшидан  ба ташаббускорӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ба анҷом бояд расонанд.

 

Мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  Раҳматзода Дилхоҳ