ПЕШГИРӢ ВА ҲИФЗИ ҶОМЕА АЗ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Қубодиён: Вокуниш  

Дар ҳаёти имрӯзаи сокинони ҷаҳон хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо  водор месозад.Таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор яке аз омилҳои калидӣ ва шарти муҳими эҷоди раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавии кишварҳои ҷаҳон мебошад.

    Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё аз таҳдиди ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва терроризму  экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар  боиси оқибатҳои  ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардиданд. Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он- терроризм(даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати дунявӣ гирифта, ҳудуди  қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад.

   Имрӯз амалҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ пояҳои амнияти байналмилалиро  заиф гардонида, сабабгори  ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандон гардонида истодааст. Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи муштарак  ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти махсус касб менамояд. Ғайр аз муборизаи мусаллаҳона бо терроризм ба ҳалли масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки дар баъзе ҳолатҳо сабаби асосии тундгароӣ шуда метавонад, таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир  кард. Дар ин ҷода ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок, аз ҷумла расонидани кумаки молию техникӣ ба кишварҳои дар мубориза бо терроризм осебпазир, мувофиқи мақсад мебошад.

    Аз ин лиҳоз бояд қайд кард, ки амалҳои гурӯҳҳои ифротиву тундгаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хаттари ҷиддӣ доранд. Онҳо ҳадафҳои муғризонаи худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ руйпӯш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд.

   Кишвари мо Тоҷикистон, ки зери таърихи навини  худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму  ифротгароиро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои пасипардагии онҳо аз наздик шинос аст.

Аъмоли мудҳиши террористиву экстремисти  вақтҳои охир, аз ҷумла дар кишварҳои  Афғонистон, махсусан воқеияти инро мо бештар дар амалҳои даҳшатангези террористӣ дар кишварҳои  Ироқ, Сурия, Покистон, Лубнон ва ҳатто кишварҳои Аврупо, Фаронса, Белгия, Украина мушоҳида менамоем .Вале  пайванд хӯрдани  фаъолияти  ҳаракатҳои террористӣ бо сиёсати  имрӯз  дар кишварҳои Миср, Ироқ, Сурия ва Лубнон таҷрибаи амалии худро пойдор намуда, ҳадаф на террори  ин ё он шахс, балки аз байн бурдани низоми сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад. Барои онҳо ҳама гуна арзишҳои инсонӣ бегона буда, имрӯз ягон давлати дунё аз хавфи амалҳои террористӣ эмин буда наметавонад.

     Он ҳам боиси нигаронӣ аст, ки гурӯҳҳои террористӣ ва тундгаро аз дастовардҳои техналогияҳои иттилоотӣ барои паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ, гумроҳсозии  одамон ва ҷалби онҳо ба сафи худ васеъ истифода бурда, ба таври фосилавӣ татбиқи амалҳои харобиоварашонро омода ва идора менамоянд.

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс