ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИВУ ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба Рӯзи модарон ва фарорасии баҳори накӯпай санаи 6-уми марти соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Қубодиён бахшида ба рӯзи модарон чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ, раисону Ҷамоату деҳот, омӯзгорон ва собиқадорон ҳузур доштанд.

Раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ баромад намуда, ҳамаи бонувону занонро бо рӯзи идашон тарику муборак бод намуданд.