АРТИШИ МИЛЛӢ - КАФИЛИ АСОСИИ БАҚОИ ИСТИҚЛОЛ

Қубодиён: Андеша  

 Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷашн гирифта мешавад. Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ  ба ҳисоб рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ мебошад.  Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, сарфи назар аз он ки кишварро вазъи печидаи ҳарбию сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуда, бо таъсиси Артиши миллии худ оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард.  18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Артиши миллии Тоҷикистон дар як давраи ҳассос таъсис дода шуда, дар муддати начандон тӯлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашт. 

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъйин гардидааст, ташкил медиҳад.

Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонг муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, бо қадамҳои устуворона ба сӯйи қуллаҳои баланд ба пеш меравад. Дар тули 31 соли фаъолияти Артиши миллӣ  сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Артиши миллӣ дар ҳар давру замон кафили рӯзгори осоишта ва зиндагии бофароғати ҳар шаҳрванд буда, сипари боэътимоди ҳимояи ҳар халқу миллат мебошад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосию муҳимтарини давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, сипари боэътимоди Ватан ва кафили асосии бақои Истиқлол  мебошад. Имрӯз  маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии  Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тақвият қарор дошта, хеле пурқувват гардидааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд».

      Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии  худ Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”  пеш аз ҳама ба Қувваҳои мусаллаҳи кишвар диққати махсус дода, вазифаҳои муҳимми  ҳар яки моро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ барои рушди минбаъдаи  Тоҷикистони азиз муайян сохтанд ва чунин таъкид карданд: «Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод. Ҳадафи мо аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад. Таъкид менамоям, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд».

Дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарият ҷавонон қарор доранд. Бинобар ин, ҷавонон қувваи асосии пешбарандаи артиши боэътимоди давлату миллат мебошанд. Ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ садҳо ҷавонон даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии минтақаҳои гуногуни мамлакат адои хизмат мекунанд.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд гуфт, ки барои ҷавонони бонангу ори Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кардан на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Артиш барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад. Ҳифзи Ватану сарзамини хеш вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистону тоҷикистонӣ аст. Аҷдодону бузургони миллатамон ин ҳуввияти миллиро ҳамеша тарғибу таблиғ намудаанд ва барои озодиву ҳифзи марзу буми хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардиву ҳимоятгарӣ аз давлату миллати хеш аз ниёгон ба мо мерос монда, муқаддасу азиз донистани Ватанро аз аҷдодони хеш омӯхтаем, ки он дар хуни мо ҷорист. Ҳар як ҷавонмарди асили ин сарзамин бояд дарк намояд, ки хизмати Модар-Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мардонагиву далериро омӯзем. Дар даврони соҳибистиқлолӣ даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намудаанд. Шоире дар оини ватандӯстиву худшиносиву худогоҳии миллӣ мегӯяд:

Сарзаминамро ба меҳнат ҷаннати даврон кунам,

Даштҳои ташналабро гулшану бӯстон кунам.

Қарз дорам аз Ватан, аз мамлакат, аз модарам,

Бар адои қарз хизмат аз дилу аз ҷон куннам.

Ҳадаф аз ифшои чунин мисраъҳо дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ  мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони бадхоҳ муҳофизат намоем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми хизматчиёни ҳарбии Ватанамонро, мардони далеру шуҷои кишварамонро инчунин,  ҳамкасбони азизро бо фарорасии рўзи Артиши миллӣ табрику таҳният намуда, ба ҳамаи ҳомиёни содиқи Ватан тансиҳативу сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулу бошарафашон муваффақият орзу менамоям.

Рӯзи Артиши миллӣ муборак бошад, ҳомиёни Ватан!

  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён                                                        Абдуллозода В.