ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ  “Ҷ/Д  УТАҚАРА НАЗАРОВ”

Қубодиён: Ҳисобот  

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс, мудирии бахши омор Музаффаров Иззат дар ташкилоти ибтидоии “Ҷ/Д Утақара Назаров” вохурӣ баргузор гардид.

Мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат вобаста ба самтҳо ва паҳлӯҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, нуқтаҳои асосии онро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар маслиҳатҳои муфиду саривақтӣ дода шуд.

Музаффаров Иззат дар баромади худ дастоварду пешравиҳои соли сипаригардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ва ҳозиринро ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, вазъи геопалетикии ҷаҳон вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, рушди соҳаи илму маориф, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид намуданд.