МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТИ  “БЕМОРХОНАИ №3”

Қубодиён: Ҳисобот  

Санаи 19-уми январи соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №3” маҷлиси ҷамъбастии солона баргузор карда шуд. Дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ҳисобот дод.

Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуд.

1. Дар бораи ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №3“Дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2023”

2.  Дар бораи тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2024.

3. Дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Масъалаҳои ҷорӣ  

Масъалаҳои дар рӯзномабуда баррасиӣ шуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар охир  раиси ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №3”  ибрози андеша намуданд, ки  Президенти кишвар дар Паёми худ  оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.