МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТИ  “ВАҲДАТ- МТМУ №39”

Қубодиён: Ҳисобот  

Санаи 19-уми январи соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат- МТМУ №39” маҷлиси ҷамъбастии солона баргузор карда шуд. Дар рафти маҷлис раси ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат- МТМУ №39” аз рафти кории ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дод.

Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасии ҳаматарфа қарор дода шуд.

1. Дар бораи ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат- МТМУ №39”  “Дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2023”

2.  Дар бораи тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2024.

3. Дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Масъалаҳои ҷорӣ  

Масъалаҳои дар рӯзномабуда баррасиӣ шуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар охир  раиси ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат- МТМУ №39”  ибрози андеша намуданд, ки  Президенти кишвар дар Паёми худ  оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд