БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТИ  “ГУЛИСТОН-МТМУ №37”

Қубодиён: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон-МТМУ №37”  маҷлиси ҷамъбастии солона баргузор карда шуд. Дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии “Гулистон-МТМУ №37” аз рафти кории ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дод.

Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуд.

1. Дар бораи ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Гулистон-МТМУ №37”   “Дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2023”

2.  Дар бораи тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2024.

3. Дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Масъалаҳои ҷорӣ  

Масъалаҳои дар рӯзномабуда баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар охир  раиси ташкилоти ибтидоии “Гулистон-МТМУ №37” ибрози андеша намуданд, ки  Президенти кишвар дар Паёми худ  оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.