КИШТИ КАРТОШКА ОҒОЗ ЁФТ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Қубодиён дар корхонаву муассисаҳо корҳои ободониву  хуррамгардонӣ, ниҳолшинониву гулкорӣ ва нарм намудани замин барои кишти  баҳорӣ бо маром рафта истодааст.

Илова бар ин, санаи 14-уми январи соли 2024 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маоричиён” Мирзоев Саъдулло дар Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён дар як гектар замин картошка кишт карда шуд.