СОКИНОНИ ДЕҲАИ ДОҚҚИИ Ҷ/Д 20-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ОБОДОНИИ ДЕҲАИ ХУД САҲМ МЕГУЗОРАНД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Доққии Ҷамоати деҳоти 20-солгаии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо карда, сокинони деҳаи мазкур ба ободии диёр машғуланд. Сокинони диёр дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” баромада тариқи ҳашар роҳи пиёдагардро дар маркази ҷамоати мазкур таъмир намуда истодаанд. Дар иҷрои ин кор саҳми аҳолии деҳа назаррас буда, аз сарҷамъию иттифоқӣ ва диёрдорию ободкории сокинони деҳа шаҳодат медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки сокинони деҳаи Доққи меҳнатдӯсту меҳандӯст буда, пайваста дар ободиву зебогии деҳаи худ саҳмгузоранд.