СОКИНОНИ ДЕҲАИ АРАБХОНА ДАР ОБОДИИ ДЕҲАИ ХУД САҲМ МЕГУЗОРАНД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Арабхонаи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав-и ноҳияи Қубодиён корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо карда, сокинони деҳаи мазкур ба ободии диёр машғуланд. Сокинони диёрдори деҳаи Арабхона иқдоми шоистаи ибрат ва тарғибро ихтиёр карда, роҳҳои дохилии деҳаро сангфарш ва мумфарш намуданд. Баъди бунёди роҳ боз мардуми ин деҳаи мазкур сарҷамъ шуда, дар сохтмони дарвозаи деҳа машғуланд. Дар иҷрои ин кор саҳми аҳолии деҳа назаррас буда, аз сарҷамъию иттифоқӣ ва диёрдорию ободкории сокинони деҳа шаҳодат медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки сокинони деҳаи Арабхона меҳнатдӯсту меҳандӯст буда, пайваста дар ободиву зебогии деҳаи худ мекушанд.