ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ БА АЪЗОЁНИ НАВ БАХШИДА БА  29-СОЛАГИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 5-уми декабри соли равон бахшида ба 29-солгарди Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори кохи фарҳанги ноҳияи Қубодиён чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, собиқадорони ҳизб, раисони ташкилоту муассисаҳо, аъзоёну фаъолони ҳизб ва намояндагони ТҶҶ "Созандагони Ватан" иштирок варзиданд.

Дар идомаи чорабинӣ ба 10 нафар аъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд