Дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ба муносибати 29-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 5-уми декабри соли равон бахшида ба 29-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори кохи фарҳанги ноҳияи Қубодиён чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, собиқадорони ҳизб, раисони ташкилоту муассисаҳо, аъзоёну фаъолони ҳизб ва намояндагони ТҶҶ "Созандагони Ватан" иштирок варзиданд.

 Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ба 10 нафар маъюбони ноҳияи Қубодиён либосҳои зимистона тақдим карда шуд.