УТОҚҲОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН ТАЪМИР КАРДА ШУДАНД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи тавонои сиёсӣ буда, дастовардҳои бузурги кишвар бо номи ин ҳизб иртиботи зич дорад. 

“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи замони истиқлолият буда, ҷиҳати таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ нақши муассир мегузорад”. 

Чуноне Пешвои миллат, Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз менамоянд: 

“Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба души худ гирифт”. 

Дар воқеъ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Бо чунин иқдом бахшида ба 29-солагии Ҳизби Ҳалқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҳуҷраҳои бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён таъмир карда шуданд.