ГАРМХОНАҲО ҲОСИЛИ ФАРОВОН МЕДИҲАНД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: “Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст”. Аз ин рӯ, дар ҳар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки заминро самаранок истифода баред ва на кам аз ду-се ҳосил рӯёнед. Бо мақсади таъмини пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояшон ҳамасола қайд менамоянд, ки самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, азхудкунии заминҳои нав, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад. Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ боиси таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал буда, ҳамзамон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ саҳм мегузорад.

Дар ҳамин замина раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, Абдуллозода Ваҳобиддин  бо усули "Хона ба хона" корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ мунтазам ба роҳ мондааст.

 Санаи 20-уми ноябри соли ҷори аз гармхонаи наздиҳавлигии истиқоматкунандаи Ҷамоати  деҳоти 20-солагии Истиқлоли деҳаи Бобоҷон Ғафуров-и ноҳияи  Қубодиён дидан намуда, дар рафти боздид аз гармхона ҳосили хуби помидор ба даст омадааст. Барои боз ҳам ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини беҳдошти аҳли оила ҳар яки мо бояд сарҷамъона меҳнат намуда, ҳар як порча замини наздиҳавлигиро самаранок истифода барем ва ба ин васила шароити зиндагии худро беҳтар менамоем.