ШАҲОДАТНОМАИ САРБОЗИ ИХТИЁРӢ ИФТИХОРИ МАН.

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

          Дар доираи ташаббуси ҳизбии "Сарбози ихтиёрӣ" вобаста ба ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даъвати тирамоҳии соли 2023, аз ҷониби кормандони масъули Кумита бо ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва падару модарон як қатор суҳбату вохуриҳоро баргузор карда шудаанд.

Натиҷаи чунин суҳбату вохуриҳо ва таблиғотҳо буд, ки дар рӯзи якуми даъвати сарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 7 нафар ҷавонон дар назди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиён ҳозир гардида омодаанд, ки ҳамчун сарбози ихтиёрии ҳизбӣ рафта дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро адо кунанд.

Вобаста ба ин масъала имрӯз 7 нафар ҷавонписарон ҳамчун сарбози ихтиёрии ҳизбӣ аз ҷониби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин ба сарбозони ихтиёрӣ шаҳодатномаи ҳизбии "Сарбози ихтиёрӣ" дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.