ҲУНАР ОМӮЗ, К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ ДАРКУШОӢ КУНӢ, НА ДАРБАНДӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 19-уми сентябри соли равон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат, мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба мероси бойи ниёгон маҳсули дастони занону бонувони ҳунарманд, аз қабили қуроқдӯзӣ, порчадӯзӣ, сузанидӯзӣ, тоқидӯзӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва ғайра аз ҳунарҳои дастии истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави деҳаи Арабҳона Соловёва Раиса дидан намуданд.

Зимни боздид, Намозова Холида мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён қайд карданд, ки гузаштагони мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл дошта, дар ин замина тӯли асрҳои зиёд аст, ки садҳо навъи ҳунару ҳунармандӣ ҷиҳати эҷод роҳ кушода истодааст. Ва занону ҷавондухтарони замони истиқлол низ ба ин васила соҳиби касбҳои гуногун шуда, дар ин гуна  намоишҳо фаъолона ширкат варзида, саҳми худро гузошта истодаанд.