ОБОДОНИВУ БУНЁДКОРИ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 35- солаги Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Ваҳобиддин, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ ва соҳибкорон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави деҳаи Арабхона 3 км роҳи мумфаршударо кушоданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мутобиқи қарор ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!”- и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба хотири омодагӣ ва истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сокинон, аъзою ҷонибдорони ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳибкорони муваффақи деҳаи Арабхонаи ҷ/д ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён корҳои созандагию бунёдкориро роҳандозӣ гардонида истодаанд.