ОМОДАГИҲО БАРОИ СОЛИ ХОНИШИ НАВ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри омода намудани муассисаҳои таълимии ноҳия барои соли нави таҳсил, корҳои тамирӣ ва рангу бор вусъати тоза гирифта истодаанд.

Дар ин росто муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён ба соли нави хониши 2023-2024 омодагии хуб дида, аксарияти синфхонаҳоро аз таъмири ҷорӣ баровардаанд. Ҳоло бошад корҳои рангуборкунии даҳлезу роҳравҳо ҷараён дорад.

Мавриди зикр аст, ки ин амали нек бо ташаббуси аъзои фаъоли ҳизб, падару модарон ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ сурат гирифта, чунин корҳои таъмирӣ ва амалҳои хайрхоҳона дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия бо маром идома дошта, дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доран, ки ин ҳама заҳматҳои волидону омӯзгорон баҳри хуб таҳсил намудани наврасону ҷавонони ояндасози кишвар мебошанд.