РОҲҲОРО ЯКҶОЯ МУМФАРШ МЕКУНЕМ!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи тавонои сиёсӣ буда, дастовардҳои бузурги кишвар бо номи ин ҳизб иртиботи зич дорад. 

“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи замони истиқлолият буда, ҷиҳати таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ нақши муассир мегузорад”. 

Чуноне Пешвои миллат, Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз менамоянд: 

“Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба души худ гирифт”. 

Дар воқеъ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мутобиқи қарор ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!”- и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба хотири омодагӣ ва истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сокинон, аъзою ҷонибдорони ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳибкорони муваффақи деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён корҳои созандагию бунёдкориро роҳандозӣ гардонида истодааст.

Дар ин замина бо ташаббуси раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҷамоати деҳоти Носири Хусрав”-и ноҳияи Қубодиён якҷо бо аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри таъмиру барқарорсозии як қатор роҳҳои дохили куча, бо роҳбарии раиси ташкилоти ибтидои “ҷамоати деҳоти Носири Хусрав” Ҷӯраев Маҳмараҳим ва сокини фаъоли деҳаи номбурда Муминов Ҷаҳонгир инчунин аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур заҳматҳои беандоза кашида истодаанд. 

Ин иқдоми аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 3км роҳи дохили деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёнро мумфарш намуда истодаанд.