ВОХӮРИ ВА МУЛОҚОТ ОИДИ ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ СИЁСИИ ҶАВОНОН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29- уми  марти соли 2023  дар саҳни ҳавлии муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ҷамоати деҳоти Тахти Сангини деҳаи Роҳи нав, гурўҳи корӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири бахши кор бо занонои КИ ҲХДТ дар ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, мулоқоту вохўрӣ бо иштироккунандагон аз он ҷумла, директор ва омузгорони муассисаи мазкур, сокинони деҳаи Роҳи нав, раиси кумитаи маҳалла, ҷавонон ва хонандагони муассисаи мазкур иштирок намуданд. Дар баргузории мулоқоту вохўри муовини раиси ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири бахши кор бо занонои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, оиди шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандўстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористӣ-экстремистӣ, худори аз истифодаи сару либоси бегона, худсузи ва худкушии занону духтарон, тарғибу ташвиқи хизмат дар сафҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ҷиҳати ҷалб ва аъзокунии ҷонибдорони ҲХДТ аз ҳисоби ҷавонон баромад намуданд.