МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ҶАВОНОН ВА СОКИНОНИ МАҲАЛ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20 марти соли 2023  дар  муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ҷамоати деҳоти ба номи И. Ниёзов, гурўҳи корӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия, Асатуллозода Фируза, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Мардонов Фирдавс, мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён мулоқоту вохӯрӣ бо иштироккунандагон аз он ҷумла, директор ва омузгорони муассисаи мазкур, сокинони деҳаи Чорбоғ, раиси кумитаи маҳалла, ҷавонон ва хонандагони муассисаи мазкур иштирок намуданд. Дар баргузории вохўри муовини раиси ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири бахши кор бо занони  КИ ҲХДТ дар ноҳия, оиди шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандўстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористӣ-экстремистӣ, худори аз истифодаи сару либоси бегона, худсузи ва худкушии занону духтарон, тарғибу ташвиқи хизмат дар сафҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ҷиҳати ҷалб ва аъзокунии ҷонибдорони КИ ҲХДТ аз ҳисоби ҷавонон баромад намуданд.