ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ШОМИЛШАВИИ БА ҲАР ГУНА ГУРУҲҲОИ ИФРОТӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28.03.2023   дар толори қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён  маҷлис доир гардид. Дар ин маҷлис иштирок карданд: раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, роҳбарони мақомотҳои қудрати, раисони Ҷамоатҳо, раисони маҳалла, имомҳатибон ва сокинони Ҷамоати ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён.

Дар рафти вохури  раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодвлат Абдолӣ фикру ақидаҳои худро дар бораи шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва  фирефта шудани ҷавонон ба ақидаҳои хоинони ватан баён намуда, даъват ба амал оварданд, ки ҷавонони соҳибистиқлоли ватанро, дар руҳияи ватандусти ва хештаншиноси тарбия намоем. То ки фарзандони мо   ба  гуруҳҳои номатлуб шомил нашаванд.