Аёдати гузаштагон амали хайр аст!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён санаи 26-марти  соли 2023 дар якҷояги  бо ташкилотҳои ибтидои  “Зафар”, “Заркамар”,  “Чорбоғ”, “Куҳандиз”, “Дӯстон”, “Роҳинав  ва “Гулистон” оид ба тозаву озода  намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  “Рӯзӣ Ёдоварӣ” доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, Мардонов Фирдавс, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони  масҷидҳо иштирок намуданд. Пеш аз чорабинии мазкур аҳли иштирокдорон даст ба дуо бардошта, барои тинҷиву амонии ва зиндагии осоиштаи  мардуми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва  ба хизматҳои шоистаи  Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дуо намуданд. Дар ин рӯз беш аз 1852  нафар сокинони ноҳия, аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оромгоҳи деҳаи  Чорбоғи, Ҷамоати деҳоти Ишмурод Ниёзов, деҳаҳои Гузариболо, Ғишткупрӯк, Равшанободи, Ҷамоати деҳоти ба ноими Носири Ҳусрав, деҳаҳои Бобоҷон Ғафуров, Баҳористон, Нусратулло Махсуми, Ҷамоати деҳоти 20-солаги Истиқлол, деҳаҳои Фароғат ва Роҳинави Ҷамоати деҳоти Таҳти Сангин,  барои тозаву озода  намудани гирду атрофи  оромгоҳҳо  саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Ёдорвар мешавем, ки ин чорабинии мазкур оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ ёдоварӣ” дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои ноҳия ташкил ва гузаронида мешавад.