ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ МОДАРОН” ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз ба ифтихори "Рӯзи модарон" дар Қасри фарҳанги ноҳияи Қубодиён чорабинии тантанавӣ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат , раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, роҳбарони мақомотҳои қудрати, бонувону модарон, занони фаъол, кормандони ташкилоту муассисаҳо доир гардид.

Дар оғоз иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат  баромад намуда, ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ таҷлил мегардад, тамоми модарону бонувонро табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуданд.

Тавре зикр гардид, модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як хонадон, ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳиест барои фарзанд. Ҳамзамон рисолати модар дар пос доштани фарҳангу адабиёт, забону ҳуввияти миллӣ ифода меёбад, яъне тарбияи ҳар фарзанд низ бар дӯши модар аст. Ободии ҳар хонадон ба хиради созандаву нерӯи тавонои офарандагии зан – модар бастагии бевосита дорад. Аз ин ҷост, ки ҳар хонаводаи ободу осуда амсоли ободиву субот дар ҳар давлату ҷомеа дониста мешавад.

Метавон зикр намуд, ки занону модарон иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакатро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ намуда, дар амалӣ сохтани корҳои ободиву созандагӣ нақши созавор доранд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур як қатор собиқадорон ва занони фаъоли ҷомеа бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас баҳри болидарӯҳии бонувону модарон ва иштирокдорон барномаи саршор аз таронаҳои дилангез дар васфи “Зан-модар” бо иштироки аҳли санъат ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд.