Баргузории Конференсияи XVII –уми ғайринавбатӣ дар Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 24-феврали соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Қубодиён Конференсияи XVII-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён доир гардид.

Дар кори Конференсияи XVII-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён аъзоёни Кумита, вакилон, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат иштирок доштанд.

Кори Конференсияи XVII-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо сухани ифтитоҳии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин оғоз гардид.

Дар Конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ дар ноҳия як масъала пешниҳод гардида, доир ба пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии №27, №33 ва № 37 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён, пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии №27,№33 ва №37-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол ва дар ҳавзаи интихоботии №27-и  Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, дар ҳавзаи интихоботии №33 ва №37 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён ва масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардида, номзадҳои арзанда  дар ҳавзаҳои номбурда пешбарӣ гардиданд.