ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба  муносибати  30-солагии Артиши миллӣ санаи 17-­­ уми феврали соли 2023 бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, муовини якуми раиси  ноҳияи Қубодиён Тоҷиев Алиҷон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Қубодиён дар дидбонгоҳи сарҳадии “Фазо”- и ноҳияи Қубодиён  чорабинии  фархангӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” барномаи рангини консертиро пешкаши сарбозон намуда, хотири сарбозонро шод гардониданд.