Кумаки ғизоӣ ба сарбозон

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Бахшида ба ҷашни 30- солагии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 17.01.2023 муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин,  муовини якуми раиси ноҳияи Қубодиён Тоҷиев Алиҷон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Қубодиён аз  дидбонгоҳи сарҳадии “Фазо”  дидан намуда, сарбозонро ба муносибати  30-солагии Артиши миллӣ  табрик намуда, ба  70 нафар  сарбоз туҳфаи идона тақдим карда, дар идома кумакҳои ғизоӣ аз қабили( равған, орд, картошка, пиёз, сабзӣ, мева, шириниҳо), ва таоми миллӣ- оши палов омода намуда, ба сарбозони ин қисми низомӣ дастархони идона ороста, тақдим карда шуд.