Тозагӣ гарави саломатист!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18-уми феврали соли 2023  дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Табибон “ шанбегӣ доир гардид. Дар ин маърака масъулони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ва  кормандони ташкилоти ибтидоии “Табибон” дастаҷамъ шуда, гирду атрофи шаҳраки ноҳияро аз баргҳои хушки зимистона, аз қуттиҳои пластикӣ тоза намуда, гирду атрофи дарахтони сояафканро нарм намуданд.

Масъулони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён минбаъд низ дар тозагиву бунёдкории шаҳрак саҳми худро мегузоранд.