Кӯмаки нафақаи ҳизбӣ барои ниёзмандон

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ  муқаррар карда шудааст.

Дар доираи ин иқдом масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ба дидорбинии ду нафар маъюби гурӯҳи 1-уми сокинони Ҷамоати Носири Хусрав деҳаи Ёбуз  Қурбонназарова Олмахон ва Сафаров Маҳмуд сокини деҳаи Ғишткупрук мебошад ба ҳар яки онҳо нафақаи ҳизбии моҳи декабр дар ҳаҷми 500 сомонӣ ва тӯҳфаи соли навӣ дастрас намуданд.

Аёдати пирони барҷомонда, маъюбон ва камбизоатон дар арафаи иду айёмҳо ва хабар гирифтан аз ҳолу аҳволи онҳо яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳама сола тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони шаҳру навоҳии кишвар ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кумакҳои моддию пулӣ карда мешавад.
Раиси Кумитаи мазкур зимни аёдат соли нави мелодиро ба ҳар як оилаи онҳо табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва хушнудии рӯзгорро орзу намуданд.
Зимни аёдат пирону маъюбон ва камбизоатон аз амалҳои хайрхоҳона ва ғамхории Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон дуои нек карданд.