Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри иттилоотнокии аҳолӣ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

29 декабри соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади тарғиби Барномаи ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ доштани солимии ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон ҷоннок намуда истодаанд. 

Ин навбат мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс  вобаста ба қоидаҳои ҳатмии беҳдошт, бахусус риояи гигиенаи шахсӣ суханронӣ намуда, барои ҳифи солимии ҷомеа  ба сокинон маслиҳатҳои муфид дод. Ҳамчунин дар фароварди вохӯриҳо ба сокинон маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.