Аёдати гузаштагон амали хайр аст!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён санаи 25-декабри  соли 2022 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён якҷоя бо ташкилотҳои ибтидои «Бинои», “Зафар”, “Заркамар”, “Фирдавси”, “Чорбоғ”, “Куҳандиз”, “Дӯстон”, “Роҳинав  ва “Гулистон” оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  “Рӯзӣ Ёдоварӣ” доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс, раисони маҳалла ва имоми масҷидҳои панҷвақта иштирок намуданд. Пеш аз чорабинии мазкур аҳли иштирокдорон даст ба дуо бардошта, барои гузаштагон ва ба тинҷиву амонии кишварамон ва ба Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дуо намуданд. Дар ин рӯз беш аз 1761  нафар сокинон, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оромгоҳи деҳаҳои  Ёбуз, Гузариболо, Ғишткупрӯк,  Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав, деҳаҳои Советобод, Бобоҷон Ғафуров, Баҳористон ва Нусратулло Махсум, Фароғат ва Роҳинави Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён барои тоза намудани гирду атрофи ин оромгоҳҳо баромада, тозаву озода намуда, саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Ёдорвар мешавем, ки ин чорабинии мазкур оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ ёдоварӣ” дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои ноҳия ташкил ва гузаронида мешавад.