Аёдати гузаштагон ин амали хайр аст!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён санаи 27-ноябри  соли 2022 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён якҷоя бо ташкилотҳои ибтидои "Саъди Шерозӣ", «Бинои», “Зафар”, “Заркамар”, “Фирдавси”, “Чорбоғ”, “Куҳандиз”, “Дустон”, “Роҳинав  ва “Гулистон”,  оид ба тоза намудани дохил ва атрофи Оромгоҳҳо аксияи ҳизби таҳти унвони  “Рӯзӣ Ёдоварӣ” доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур  раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобуддин, роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”  раисони маҳалла ва Имоми масҷидҳои паҷвақта иштирок намуданд. Пеш аз чорабинии мазкур аҳли иштирокдорон даст ба дуо бардошта барои гузаштагон ва ба тинҷиву омонии кишварамон ва ба  Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  намуданд. Дар ин руз беш аз 2187 нафар сокинон, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оромгоҳи деҳаҳои Қиёт, Гузариболо, Ғишткупрук,  Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав, деҳаҳои, Саветобод, Чипари Ҷамоати деҳоти Заркамар ва деҳаҳои Доққӣ, Бобоҷон Ғафуров, Баҳористон ва Нусратулло Махсум Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлол, ва Фароғат ва Роҳинави Ҷамоатидеҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён барои тоза намудани гирду атрофи ин оромгоҳо баромада, тозаву озода намуда, саҳми арзандаи худро гузоштанд.  Ёдорвар мешавем, ки ин чорабинии мазкур оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ Ёдовари” дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои ноҳия ташкил ва гузаронида мешавад.