“Соати сиёсӣ” дар ташкилоти ибтидоӣ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №1-и ҷамоати  шаҳраки ноҳияи Қубодиён бо иштироки собиқадорону коршиносон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба   амалиёти муштараки ҳизбӣ таҳти унвони “Соати сиёсӣ”  бо хонандагони муассисаи таълимӣ  баргузор гардид.

Маърӯзачиён зимни суханронии хеш оид ба  нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон,  иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар суханронӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар  изҳори ақида  карда, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки  наврасону ҷавонон бояд ба қадри сулҳу суботи кишвар, пешравиҳову дастовардҳои  замони соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  расида,  фарзандони содиқ ба Ватан ба воя расанд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки Соати сиёсӣ бо мақсади баланд бардоштани мафкураи сиёсии наврасону ҷавонони синни 14-24-сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор рӯзҳои шанбеи охири ҳар моҳ гузаронида мешавад.