Таҷлили бошукӯҳи Иди милитсия дар ноҳияи Қубодиён

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

10-уми ноябр ҳамасола ҳамчун «Рӯзи милитсия» дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин санаи фархунда дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Раёсати ШВКД дар ноҳия Дӯстӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст сардори шуъбаи ШВКД дар ноҳия суханронӣ намуда, ҳамаи кормандон ва собиқадорони милитсияро ба иди касбии милитсияи тоҷик табрику муборакбод намуд. Мавсуф зимни суханронӣ иброз дошт, ки бо дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол шароити корӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ беҳтар гардида, имрӯз милитсияи тоҷик бо пешрафтатарин лавозимоти хизматӣ, аз қабили утоқҳои мусоиди корӣ, лавозимоти техникӣ, биноҳои маъмуриву хизматӣ ва дигар инфрасохтори лозимӣ таъмин гардидаанд.

Дар идомаи чорабинӣ раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак  ҳозиринро бо иди касбияш табрик намуданд ва бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳизода Рамазон Ҳамро як зумра кормандони милитсияи ноҳия бо рутбаҳои навбатӣ ва медалу Нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаву Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар баробари ин, ба як қатор маъюбону собиқадорон, ҷавонони авангарди ноҳия ва оилаҳои бесаробонмондаи милитсияи кӯмакҳои пуливу моддӣ расонида шуданд. Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи консертӣ баргузор гардид, ки табъи ҳозиринро болида намуд.