ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН КОРИ БУЗУРГ АСТ!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

4 ноябри соли ҷорӣ бо мақсади пайравӣ  сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин бахшида ба  Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нафар маъюб Сафаров Маҳмуд  истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав  нафақаи ҳизбӣ супорид.
Метавон зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, нафарони маъюб таҳти ғамхорӣ ва бо нафақаи ҳизбӣ таъмин карда мешаванд.