ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН АЗ ҶОНИБИ КУМИТА

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин бахшида ба  Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати  Қурбонназарова Олмахон,  ки ду духтари маъюб дорад,  истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав ҳастанд, рафт.

Дар рафти дидорбинӣ ба ин ашхоси осебпазир нафақаи ҳизбӣ супорида шуд Бояд зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, нафарони маъюбиятдошта таҳти ғамхорӣ ва бо нафақаи ҳизбӣ таъмин хоҳанд гашт.