АЪЗОИ ҲХДТ ТАШАББУСКОРУ СОЗАНДААНД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 35 -солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  ва дастгирии  вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Заркамар” Абдиева Ойнабот ва “Ҳакимӣ” Чориев Ҷайлоб 3000 м2 роҳи автомобилгарди байни деҳаҳои Учқунободи Ҷамоати деҳоти Заркамар асфалтпӯш карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Аксияи ҳизбии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдуллоев иштирок дошта, зимни суҳбат бо иштирокдорон изҳор дошт, ки  ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешрафту ободии Ватан ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум аст. Аз ин рӯ мо шаҳрвандон  бояд шукргузор аз фазои сулҳу суботи кишвар карда, бо истифода аз ҳама имкониятҳои бадастомада баҳри боҳ ҳам ободу зебо гардидани як гӯшаи диёр талош варзем. Инчунин. мавсуф дар анҷоми суханронӣ барои дастгирии  Аксияи ҳизбӣ ба  фаъолон ҲХДИ изҳори миннатдорӣ баёнд кард.