Мо якҷоя ватанаморо обод хоҳем кард!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 Дар муассисаи таълимии №12 ноҳияи Қубодиён бо саҳмгузории аъзои  фаъоли ҳизби ташкилоти ибтидоии  “Бошқалъа” ва кумитаи падару модарон дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”  корҳои таъмиру азнавсозӣ  рафта истодааст. Бо ташааббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар доираи амалиёти муштараки  ҳизбӣ таҳти унвони “Мактаби ман” даромадгоҳи муассиса ба масоҳати 60 м2  пурра бетонпӯш карда шуда,  боқимондаи роҳравҳо  дар рӯзҳои наздик таъмир карда мешаванд.