АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ СОЗАНДА ВА ТАШАББУСКОРАНД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 
Бахшида ба  истиқболи сазовор аз 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя месозем!”   бо ташаббуси  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин ва дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия , раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Утақара Назаров” Юсупов Нурмуҳаммад,   “Камароб” Давлатов Абдувалӣ 10000 м2 роҳи автомобилгарди деҳаҳои Бошқалъа, Учқунобод, Чапарӣ-2 ва Камароби Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров  асфалтпуш карда мешавад.
Санаи 14 октябри соли равон дар роҳи автомобилгарди деҳаҳои мазкур  корҳои таъмириву азнавсозӣ оғоз гардида, ташкилкунандагони  Аксияи ҳизбӣ тасмим доранд дар рӯзҳои наздик ва бо сифати баланди таъмирӣ роҳи деҳаро ба истифода супоранд. 
Ёдовар мешавем, ки заҳматҳои мардуми қубодзамин баҳри ободии кишвар буда, корҳои ободоние, ки сокинони ноҳияи Қубодиён камари ҳиммат бастаанд, аз масъулияти баланду ватандӯстии онҳо дарак медиҳад. Мардуми заҳматқарини ноҳияи Қубодиён аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон илҳоми тоза гирифта, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки барои ободии як гӯшаи Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошанд.