МАЪЮБОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲИЗБИЁН ҚАРОР ДОРАНД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар  асоси дастуру супориши Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қурбонназарова Олмахон- маъюб аз ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав деҳаи Арабхона  ва Сафаров Маҳмуд- маъюб аз ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов, деҳаи Чорбоғ дар арафаи 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин маблағи 500 сомонӣ ба ду нафар ҷамъ 1000 сомонӣ нафақаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.