Асомиддинзода Шарофиддин – Мудири маорифи ноҳияи Панҷ

Асомиддинзода Шарофиддин 17 апрели соли 1973 дар деҳаи «16-солагии  Истиқлолият»-и ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон  дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ҳоло дар вазифаи мудири маорифи ноҳия кор ва фаъолият мекунад, ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» мебошад, аъзои ҲХДТ аз 30 декабри соли 2009, маълумоташ олӣ, соли 1996 ва соли 2013 Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо ихтисосҳои омӯзгор ва иқтисодчӣ хатм намудааст, оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Асомиддинзода Шарофиддин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» бо мақсади вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ,  ҷиҳати татбиқи аксияи ҳизбии «Якҷоя  месозем» бахшида ба  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба бинои нав сохтмони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ, дар якҷояги бо омӯзгорони ноҳия ба маблағи   111414 сомонӣ  саҳми назарраси хешро гузошт.