БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ МИЁНИ АСКАРОН

Панҷ: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бахшида ба  35 солагии ҷашни Истиқлолияти Давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 0306-и Раёсати Қушунҳои Сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ дар вилояти Хатлон миёни аскарон ва ҷавонон  мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол  гузаронида шуд.