Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер – Раиси ноҳияи Панҷ

               Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер 5-майи соли 1964 дар деҳаи Имом Машрабови ноҳияи Панҷ, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1981мактаби миёнаи №12-и ноҳияро хатм намуда, соли 1982 то соли 1987 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҳсили худро давом дода онро бо ихтисоси муҳандис-миморатор хатм кардааст.Баъди хатми донишгоҳ ба сифати муҳандис-ихтирокори шуъбаи техники корхонаи сайёрии механикони №22-и Раёсати обии Вахшобсохтмони ноҳияи Вахш ба кор шуруъ кардааст.Аз соли 1989 то соли 1991 ҳамчун муҳандис устои корхонаи мазкур шуда кор кардааст.Аз моҳи августи соли 1992 то соли 2000-ум сол сардори участкаи идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Қумсангир дар ноҳияи Панҷ ва аз соли 2000  то соли 2002 мутахассиси дараҷаи якуми Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон шуда кор кардааст.Аз моҳи марти соли 2007 то моҳи сентябри соли 2012 бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси ноҳия таъин шуда моҳи сентябри соли 2012 то соли 2015 мудири бахши муҳандиси мелиоративии дастгоҳои раиси вилояти Хатлон кор кардааст. 23-ноябри соли 2016 дар мансаби раиси ноҳияи Сангвор то соли 2019 кор карда, аз соли 2019 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раиси ноҳияи Панҷ таъин шуда, то ҳол кор карда истодааст. Оиладор соҳиби 5-фарзанд.