КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Панҷ корҳои созандагиву бунёдкорӣ то ба ҳол идома доранд. Дар чунин корҳои созандагӣ саҳми соҳибкорони ноҳия хеле зиёданд. Соҳибкорони  саховатпеша барои сангфарш намудани 400 метр роҳи маҳаллаи навбунёди кӯчаи Лоҳутӣ, ҷамоати шаҳраки ноҳияи Панҷ саҳми хешро гузошт.

Мавриди зикр аст, ки бештари мушкилиҳои мардуми деҳа дар асоси дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо дастгирии чунин нафарони хайрхоҳ ҳал мегардад.