Коррупсия – монеаи пешрафти ҷомеа

Панҷ: Вокуниш  

         Дар замони имрӯза дар қатори дигар амалҳои номатлуб, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигар ба монанди  фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи ниҳоят калон, яъне   нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба вуҷуд меорад.

Мавриди зикр аст, ки коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Ин амал  ба унвони як зуҳуроти  номатлуб ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани ҷараёнҳои ришвахӯрӣ аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия таҳия шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда зери ин ҳуҷҷат имзо гузоштааст ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар онро тасдиқ кардааст.

Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, падидаи тамаллуқкорӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун ба нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар он ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти номатлуб пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад.

Бояд  зикр намуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб мешавад. Коррупсия  яке  аз  зуҳуроти  хавфноки ҷомеа буда,  дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин  ва  яке  аз унсурҳои  таҳдидкунанда  ба амнияти  миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия, расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ таъсири манфӣ мегузорад. Бо назардошти ҳамин ҳанӯз аз рӯзҳои  аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахсан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз байн бурдани чунин падидаи номатлуб ва мубориза бо коррупсия муборизаи беамони худро бурда истода, нисбати ин масоил диққати махсус додаанд.

Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ҳамаи заминаҳо дар ҷумҳурии мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва дигар шохаҳои ҳокимят бурдани мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ба роҳ монда шавад.  Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.

Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ  бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад. Коррупсия, ришвахӯрӣ рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро боз медорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи чандҳазорсола дорад. Башарият, аз ҷумла гузаштагони тамаддунофари мо дар осори гаронмояи хеш бамаврид ришвахориро, ки яке аз омоли касифи инсонист, зери танқид гирифтаанд. Пас, маълум мегардад, ки мубориза бар зидди порахуриву ришваситонӣ асрҳо боз мавриди таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа қарор дошт. Дар замони имрӯза  низ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номустаҳкам гаштани пояи давлат эътироф шудааст. Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт ба муваффақияти зиёд ноил гардидааст ва ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосир гирди ақидаи муқовимат ба коррупсия, чун монеаи рушд муттаҳид гардидаанд.

Маҳмадова Лайло-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.