АМАЛИЁТИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ" БАРГУЗОР ГАРДИД

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 25.09.2022 дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ, ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташабуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ, дар деҳаи Имом Машрабов-и ҷамоати деҳоти “Озодагон” бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, волонтёрон ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид, ки дар он зиёда аз 150 нафар иштирок намуда, дар тозаю обод гардонидани оромгоҳи деҳа саҳм гузоштанд. Аксияи мазкур, дар аксарият маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ низ, гузаронида шуд.