ИДОМАИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ПАНҶ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии хонандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Панҷ “Соати сиёсӣ” бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони соҳибтаҷриба ва бо иштироки иҷрокунандаи  мудири шуъбаи ташкили ва муовини раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳия  гузаронида шуд.

Дар ин ҷамъомади мазкур масъулин вобаста ба мавзуҳои мубрами рӯз, хусусан вазъи сиёсии имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон, муноқишаҳо дар сарҳад бо Қирғизистон ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ибрози андеша намуда, иштирокдорон ба худ оиди ин мавзуҳо маълумотҳои мушахас гирифтанд.